Мулоқоти Ш. Саид бо намояндаи ширкати консалтингӣ
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 6 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо намояндаи PWC — Ширкати байналмилалии консалтингӣ Николай Казутин баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид зимни мулоқот аз фаъолияти палата ва фаъолияти кормандони он нақл кард. Николай Казутин зикр намуд, ки Ширкати байналмилалии консалтингӣ ба хидматрасонии бахши сармоягузорӣ, тарҳрезии стратегӣ ва густариши ҷолибияти лоиҳаҳои инвеститсионӣ машғул аст. Раиси Палатаи савдо ва саноат зикр намуд, ки хидматрасонии ширкати мазкур барои аҳли тиҷорати Тоҷикистон ва аъзои палата судманд ва ҳамкорӣ дар ин самт барои ҳар ду ҷониб муфид хоҳад буд. Дар анҷоми мулоқот Шариф Саид пешниҳод намуд, ки моҳи январи соли 2014 бо иштироки намояндагони корхонаю ташкилотҳои аъзои ПСС ҶТ маросими муаррифии фаъолияти Ширкати байналмилалии консалтингӣ баргузор карда шавад. Ташкили кор барои роҳандозии ин чорабинӣ ба зиммаи муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев гузошта шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






