Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо Ризонур Мерал
Анқара, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). –Вохўрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Президенти конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) Ризонур Мерал ва аъзои он дар шаҳри Истанбул баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, коркарди маъдан, саноати бофандагӣ, кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак суҳбат намуданд.Дар охири мулоқот намояндагони конфедератсия қарор доданд, ки соли оянда ҷиҳати шиносоӣ бо фазо ва лоиҳаҳо сармоягузорӣ ба Тоҷикистон сафар кунанд. Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) –ин бузургтарин ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратии Туркия буда, 7 федератсияи тиҷоратӣ ва 172 анҷумани тоҷиронро дар бар мегирад. TUSKON 43,000 тоҷирон ва зиёда аз 120,000 ширкатҳоро ташкил додааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






