Мулоқоти вакилони Парлумон бо донишҷўёни тоҷик дар Анқара

Декабрь 9, 2013 09:56

Анкара, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишчӯёни точик, ки дар Анқара таҳсил мекунанд, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара вохўрӣ барпо карданд.Ҳайати вакилон бо роҳбарии Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, вакилон Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, Лутфулло Саидмуродов, муовини раиси Кумита оид ба маориф ва фарҳанг, Бег Қурбонов, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Ашӯрбек Расулов, аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия, бо мақсади омӯзиш ва шиносоӣ бо фаъолияти бахши молия ва буҷаи Парлумони Ҷумҳурии Туркия дар давоми панҷ рўз дар Анқара вохўриҳои муфид ба анҷом расонданд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов, иброз дошт, ки аз тарафи сафорати Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни Туркия бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ барпо мешаванд. Ҳамзамон сафир зикр намуд, ки бо мақсади шиносоии донишҷӯёни тоҷик бо ваъзи иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи илму маориф, ҷавонон, фаъолият ва нақши парлумони Тоҷикистон ва ошноии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо шароити зист ва таҳсили донишҷӯён дар Туркия мулоқот барпо мегардад.Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МНМО ҶТ Раҷабов Сафаралӣ афзуд, ки дар рафти сафар, ҳайат якчанд мулоқотҳо бо намояндагони кумитаҳои мухталифи парлумони турк, намояндагони вазорати молия, Палатаи ҳисоботӣ ва шахсони баландмақоми Туркия анҷом дод, ки аз натиҷаи ин мулоқотҳо таассуроти хуб гирифтанд. Муовини раиси кумитаи иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов гуфт, ки Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад ва дар тўли 7 соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон хеле боло рафтааст. «Агар дар соли 2006 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 9,3 млрд. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2012 он ба 36, 2 млрд. расидааст. Мувофиқи дурнамо дар соли 2013 он бояд ба 42.1 млрд. бирасад», афзуд Гулов. Дар соли 2013 яке аз рӯйдодҳои муҳим ин пайваст шудани ҶТ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) буд. Тоҷикистон 11 сол пеш барои ворид шудан ба СУС ҳуҷҷат пешниҳод намуда буд. Акнун моро зарур аст, ки дар фаъолияти ин созмон иштирок намуда, манфиатҳоиТоҷикистонро ҳимоя намоем.Агар соли 2006 ҳамаги 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 409 млн. сомонӣ дар Тоҷикистон татбиқ шуда буд, соли ҷорӣ 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10 млрд. сомонӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ мегардад. Вале дар ин лоиҳаҳо 80% мутахассисони хориҷӣ фаъолият мекунанд.Ҳамасола дар буҷети давлат барои дар хориҷи кишвар таёр намудани мутахассисон аз фонди махсуси Президенти кишвар маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд. Масалан, соли гузашта ин маблағ 6, 2 миллион сомониро ташкил медод, имсол 6, 6 миллион сомонӣ ба ин самт равона шудааст. Аз соли 2008 то соли 2013, 9300 ҳуқуқшинос ва 4000 иқтисодчӣ макотиби олии кишварро тамом карданд, вале дар ҳақиқат, имрўз мо барномасоз, муҳандиси хуб надорем, Тоҷикистон ба мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ эҳтиёҷ дорад. Барои ҳамин аз донишҷӯён тақозо шуд, ки таҳсили худро бо баҳои хуб анҷом дода, ба ватани худ баргашта, мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои худ гарданд.

Декабрь 9, 2013 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид