Мулоқоти вазири саноати кишвар бо сафири Чин дар Тоҷикистон
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сян Жун масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин дар заминаи корхонаи ҶДММ «Ширкати куҳию саноатии Тоҷикистону Чин»-ро, ки дар шаҳраки Зарнисор қарор дорад, муҳокима намуданд.Гуфта мешавад, ки мусоҳибон инчунин дар бораи афзун намудани саҳми сармоягузорони Чин дар рушди соҳаи саноати куҳӣ дар заминаи конҳои «Масриф» ва «Зарнисори шимолӣ», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи хӯрокворӣ низ мубодилаи афкор намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






