Мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар шаҳри Хайнани Чин
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар шаҳри Хайнани Чин се медал ба даст оварданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 17 то 21-сола ширкат варзиданд.Гуфта мешавад, ки аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа варзишгарони Осиё, гӯштингирони тоҷик як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 12-13-уми декабр панҷ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни паҳлавонони то 21-сола қувваозмоӣ мекунанд.Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






