Мусодираи 10 килограмм маводи нашъаовар

Декабрь 9, 2013 15:21

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон беш аз 10 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 2 нафар сокинони маҳаллӣ бо гумонбари қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуданд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 8 килограмму 680 грамм тарёк, 1 килограмм гашиш ва 1 килограм канабис мусодира гардид. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Декабрь 9, 2013 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш