Мусодираи 62 кило бангдона
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Дар ҷануби кишвар кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 62 кило маводи нашъадор мусодира намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар вақти гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Муҳаммадҷон Розиқов, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Кӯлоб дастгир шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии ӯ дар дохили 4 адад пакети селофанӣ маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд, ки вазни умумии он 62 килою 80 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






