Мусодираи беш аз 43 кг маводи нашъадори «бангдона» аз мавзеи Шоҳон
Душанбе, 3 Декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Кормандони милитсияи ноҳияи Шурообод зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Шоҳони ноҳияи мазкур 43 кг 780 грамм маводи нашъадори «бангдона» ёфт ва мусодира намуданд.Тавре дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, кормандони милитсия бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 43-солаи ноҳияи мазкур Абдулмаҷид Бухориевро дастгир карданд, ки аз ў маводи нашъадори «бангдона» ба миқдори 43 кг 780 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






