Мусодираи миқдори зиёди героин
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб охири ҳафтаи гузашта миқдори зиёди маводи нашъадори героин мусодира гардид. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошини тамғаи «Toyota Corolla» таҳти идораи ронанда Талаб Латифов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рудакиро боздошт намуданд ва ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили он маводи нашъадори сахттаъсири героин ба миқдори 27 килою 614 грамм дарёфт ва мусодира карданд Зимни тафтишот маълум шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Муҳиддин Латифов, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






