Нақши квотаи президентӣ
Душанбе,31 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ширкати раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва муовини ӯ Марҳабо Алимова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши квотаи президентӣ дар фарогирии духтарони болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар» баргузор гардид.Ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов зимни суханони ифтитоҳӣ пиромуни мавзӯоти нақши донишгоҳ дар омодасозии мутахассисоне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд, василаҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ин зумра толибилмон, нақши созмонҳои ҷамъиятии таълимгоҳ дар тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии донишҷӯён изҳори андеша намуд. Мавсуф зикр кард, раванди таҳсили муҳассилини тибқи квота ба донишгоҳ шомилшуда ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дошта, барои донишандӯзии босамари онҳо тамоми имконот фароҳаманд. Дар хобгоҳҳои таълимгоҳ дар навбати нахуст толибилмоне, ки дар асоси квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ҷой мегиранд. Ҳамзамон барои истифода аз технология ва шабакаи ҷаҳонии интернетии мутааллиқ ба донишгоҳ монеае вуҷуд надорад.А.Раҳмонов таъкид дошт, ки ягона тақозо аз кулли донишҷӯён, хосса, онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд, танҳо бо баҳои хубу аъло хондан мебошад. Онҳоро мебояд, ки ба қадри ғамхорию меҳрубониҳои Сардори давлат бирасанд ва пас аз хатми донишгоҳ ба халқу миллати хеш хизмати содиқона намоянд. М.Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷараёни таҳсили духтарон аз навоҳии дурдаст ва фарогирии онҳо ба ҷойҳои кори мувофиқ ибрози андеша кард. Мавсуф, ҳамчунин, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ ва дастгирии донишҷӯдухтарони болаёқат эълом дошта, онҳоро ба таҳкими равобит даъват намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






