Нахустин доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ

Декабрь 4, 2013 15:32

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов нахустин маротиба дар таърихи бештар аз 80-солаи донишгоҳ Низомномаи «Доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ» таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати Шӯрои олимон тасдиқ шуд. Ба ин унвони олӣ шаҳрвандони бурунмарзие сазовор мешаванд, ки солиёни зиёд бо донишгоҳ ҳамкории устувор дошта бошанд ва пайваста дар самтҳои мухталиф таълимгоҳро дастгирӣ намоянд.Дар ҷаласаи Шӯрои олимон аввалин маротиба ба ин унвон директори Маркази хайриявии «Умед» А.А.Когай, ки шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, сазовор дониста шуд. Мавсуф дар хусуси фаъолияти маркази хеш мухтасаран маълумот ироа кард. Сипас, устоди факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф А.Насимов пиромуни хизматҳои шоёни А.А.Когай қиссаҳо намуд. Дар такя бар гуфтаи ӯ, ин шахс ҳудуди 20 сол аст, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият мекунад ва дар ин муддат омӯзгорону донишҷӯёни моро пайваста дастгирӣ намудааст. Аз ҳисоби маблағҳои хайриявии А.А.Когай чандин ҳуҷра дар хобгоҳ ба таври замонавӣ таъмир гардида, бо катҳои дуқабата ва дигар ҷиҳози ниёзи зиндагӣ таъмин шуд. Ҳамзамон, муддати мадид аст, ки ин марди шариф ба ятимони кулл ва кормандони камбизоат дасти ёрӣ дароз мекунад. Ҳайати Шўрои олимон якдилона ба ҷонибдории нахустин Доктори фахрии Донишгоҳи омӯзгорӣ раъй доданд.

Декабрь 4, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад