Намоишгоҳи маҳсулоти Чин

Декабрь 23, 2013 11:12

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Раиси Палатаи савдо ва саноти ҶТ Шариф Саид ва сардори Раёсати бахши тиҷорати Ҳукумати Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ся Гуантай созишномаро дар бораи соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти содиротии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур ва як қатор музофотҳои дигари калони Чин имзо намуданд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз доир намудани намоишгоҳ, пеш аз ҳама, ҷалби сармояҳои мустақим ва технологияҳои нав ба Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки муосир, рушди равобити кооперативӣ ва дар заминаи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.Дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи навбатии Чин аз рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Чин ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Декабрь 23, 2013 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад