Намоишномаи «Афсонаи рӯзҳои мо»
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар ҳошияи рӯзҳои фарҳанги Русия дар Намояндагии «Ҳамкории Русия» дар Тоҷикистон намоишномаи адабию мусиқии «Афсонаи рӯзҳои мо» аз рӯи асарҳои Корней Чуковский рӯи саҳна оварда шуд. Намоишномаро донишҷӯёни факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалии шӯъбаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон манзури тамошобинон намуданд.Дар ҳошияи рӯзҳои фарҳанги Русия конфронси донишҷӯён дар мавзӯи «Расму оини халқҳои Русия» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори донишҷӯёни иттиҳодияи эҷодии «Арт – креатив» ва гуруҳи «Корвони фарҳанг» кафедраи фарҳангшиносӣ, омӯзгорӣ ва равоншиносии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва мусоидати Созмони ҷамъиятии «Светоч» — и Русия роҳандозӣ шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






