Навсозии роҳи мошингарди Панҷакент — Айнӣ давом дорад
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Корҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Панҷакент — Айнӣ давом доранд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ин иншоот беш аз 120 адад техникаи сохтмонӣ ва 400 нафар коргарон кор мекунанд. Мувофиқи лоиҳа бунёду таҷдиди 32 пул пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки масофаи умумии роҳи мошингард 113,6 километр ва бари он 15 метрро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Панҷакент ва боз 60 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ таҷдид карда мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва қарзҳои бебозгашт дар амал татбиқ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






