Номаҳои шодбошӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея ва Раиси Ассамблеяи миллии Кувайт
Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин — Хе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.Мутмаинам, ки таҳти роҳбарии Шумо минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идомаи рушди сиёсиву иқтисодӣ ба дастовардҳо назаррас ноил мегардад.Ҳангоми дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Шумо, мехостам якҷоя ҷиҳати рушд ва густариши мунсибатҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон, Корея ва Тоҷикистон, ба манфиати давлатҳо ва халқҳоямон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо кӯшиши дуҷониба намоем.Бо истифода аз фурсати муносиб, иҷозат диҳед ба Шумо ва наздикони Шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии пайвастаро таманно намоям”.Дар барқияи табрикотии Раиси Ассамблеяи миллии Кувайт Марзуқ Али Ал-Ғаним омадааст:“Ҷаноби Олӣ,Бо поён ёфтани интихоботи президентӣ, ки муваффақияти Ҷаноби Олиро ба ҳайси Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии дӯсти Тоҷикистон ба иртифоъ расонд, табрикоти самимонаи маро бо дасти дуо ба номи Худованди Мутаъол ҷиҳати кӯмак ба Шумо бо ҳимоят ва ҳидояти ӯ дар пайроҳаи демократия ва ислоҳот баҳри расидан ба умеду орзуҳои мардуми Тоҷикистон қабул фармоед.Ҳамчунин мехоҳам равобити дуҷонибаи бародаронаи амиқу қавӣ ва рағбати тавассути Ҷаноби Олӣ ва Волоҳазрат Амири Давлати Кувайт ба манзури рушди ҳамкории дуҷониба баҳри татбиқи манофеи волои ҳарду кишвару мардум баёнгардидаро ситоиш намоям”.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






