Омӯзиши 10 навъи гандуми тирамоҳӣ дар баландии 1800 м

Декабрь 25, 2013 10:45

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Натиҷаи таҳқиқот оид ба омӯзиши муқоисавии 10 навъи гандуми тирамоҳӣ дар баландии 1800 м ва 2600 м аз сатҳи баҳр муайян намуд, ки навъҳои «Наврӯз» ва «Норман» аз ҷиҳати ҳосилнокӣ аз дигар навъҳо бартарият дошта, навъҳои ояндадор дониста шуданд.Таҳқиқот оид ба гирифтани ҳосили дуюм баъди ҷамъоварии гандуми тирамоҳӣ бо истифодаи кишти помидор, лаблабу, нахӯд, сабзӣ, хардал ва шалғамча гузаронида шуда, дар натиҷа муайян гардид, ки бо ин мақсад дар шароити Помир кишти сабзӣ, хардал, шалғамча ва нахӯди маҳаллӣ самаранок мебошад. Дар пойгоҳи академия дар водии Аличури ноҳияи Мурғоб омӯзиши муқоисавии рушду нумуъ ва афзоиши қутосҳои экотипи помирӣ ва дурагаи онҳо бо зоти қутоси муғулӣ нишон дод, ки вазни миёнаи гӯсолаҳои дурагаи муғулӣ нисбат ба зоти экотипи помирӣ 2,5-3 кг зиёд мебошад. Таҳқиқот оид ба муайян намудани таркиби биохимиявии хуни қутосҳои таҷрибавӣ ва сифати гӯшту шири онҳо идома дорад.Дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 25, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд