Омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3- ҳазорсолагии Ҳисор
Ҳисор, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соҳибкорони ҳимматбаланду саховатманди Ҳисор азм доранд, ки бахшида ба 3- ҳазорсолагии Ҳисор 198 адад иншоотҳои хурду бузургро ба истифода диҳанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур на танҳо ҳусни маркази ноҳия ба куллӣ дигар мешавад, балки зиёда аз 14 ҳазор нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ мешаванд. Бахшида ба ҷашни фархунда 7 адад мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1610 ҷой, боғчаи бачагона барои 1330 ҷой сохта хоҳад шуд.Ғайр аз ин варзишгоҳи бузурги марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншоотҳои дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ, аз ҷумлаи иншоотҳое мебошанд, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






