Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Дубай

Декабрь 6, 2013 16:09

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова),- Чанде пеш миёни варзишгарони Бразилия, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Миср, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Фаронса дар шаҳри Дубай мусобиқаи байналмилалии “Emirates Super Cup” баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро ду нафар варзишгар — Комил Боймуродов дар вазни 76 кг ва Фаррух Боймуродов дар вазни 70 кг намояндагӣ карданд. Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқа Фаррух Боймуродов медали тилло ва Комил Боймуродов медали нуқраи мусобиқотро соҳиб шуданд.Маврид ба ёдоварист, ки Комилу Фаррух донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ — иқтисодии Санкт Петербург мебошанд.

Декабрь 6, 2013 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш