ПСС ва Бонки ҷаҳонӣ бахши кишоварзиро дастгирӣ мекунанд

Декабрь 16, 2013 13:06

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо намояндагони лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба тиҷорати бахши кишоварзӣ Гарри Христенсен ва Ҷеки Бордман баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили лоиҳаи нави Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии бахши кишоварзӣ, аз ҷумла савдои маҳсулоти кишоварзӣ, кор бо хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ, рушди равобити бахши инфиродию давлатӣ, масоили ҳамкории кишоварзии инфиродӣ ва ҳукуматро мавриди муҳокима қарор доданд. Шариф Саид аҳамияти лоиҳаро зикр намуда, аз мақоми Палатаи савдо ва саноат дар амри ҳамкорӣ бо бахши инфиродӣ ба манзури дастгирии фермерҳо ва ассотсиатсияҳо ҷиҳати дарёфти мушорикон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо усули иштирок дар ярмаркаи намоишгоҳҳо иттилоъ дод. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили дастрасии фермерҳо ба захираҳои молиявӣ, таъминот бо тухмию нурӣ, дастрасӣ ба техникаи хурди кишоварзиро муҳокима намуданд.

Декабрь 16, 2013 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад