Сабукиҳо ба «Мурғи Ҳилол» ва «Нутристар Тоҷикистон»
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид намуданд. Тибқи он ба ду корхонаи истеҳсолии кишвар «Мурғи Ҳилол» ва «Нутристар Тоҷикистон» ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоти технологӣ ва маводҳо барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, парранда ва дар ин замина таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти гӯшти мурғ ва тухм имтиёзҳои андозӣ дода шуд. Руҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ин ду корхона аз андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ дар кишвар аз сӯи корхонаи «Мурғи Ҳилол» барои ҷалби сармоя бо якчанд бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Бонки Рушди АвроОсиё лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешниҳод гардида, тӯли ду сол инҷониб аз тарафи намояндагии бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Алҳол дар кишвар лоиҳаи рушди паррандапарварӣ ба маблағи 32,1 миллион $ бо ба роҳ мондани истеҳсоли 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва 200 миллион дона тухм дар як сол аз ҷониби Бонки Рушди АвроОсиё кабул гардид. Инчунин ширкати истеҳсолию сармоягузорӣ «NutriStart international»-и Фаронса ҷиҳати истеҳсоли солона то 142 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво, парранда ва моҳӣ бо маблағгузории дар ҳаҷми 16 миллион $ омодагии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудааст. Яке аз талаботҳои БРАО ва ширкати истеҳсолию сармоягузорӣ «NutriStart international»-пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «Мурғи Ҳилол» ва ҶДММ «Нутристар Тоҷикистон» дар давраи иҷроиши лоиҳа, ки 12 солро дар бар мегирад, маҳсуб меёбад. Бо мақсади самаранок татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015» корхонаҳои дар боло зиркшуда аз супоридани андозҳо ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Дар мавриди додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои «Мурғи Ҳилол» ва «Нутристар Тоҷикистон» ин корхонаҳо бо тамоми иқтидор фаъолият намуда, саривақт маблағи қарзҳои бонкиро пардохт менамоянд. Инчунин имкон пайдо мегардад, ки 6 ҳазор нафар аҳолии кишвар бо ҷои кори домимӣ таъмин гардида, маоши ҳар як коргар аз 700 то 1500 сомониро ташкил медиҳад ва ҳар сол аз ҳисоби андоз то 20 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар маблағ ворид хоҳад гашт. Инчунин бозори истеъмолии мамлакат ғанӣ ва амнияти озуқаворӣ таъмин хоҳад гашт, ки яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






