Сафари ҳайати АНМН ба Федератсияи Русия
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 9 декабр ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо роҳбарии директори Агентӣ Рустам Назаров барои боздид аз шаҳрҳои Екатеринбург, Тюмен, Омск, Новосибирск ва Красноярск ба Федератсияи Русия рафт. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, мақсад аз ин сафар ташкили ҳамкорӣ барои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия аст.Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо роҳбарони маъмурияти вилоятҳо, раёсатҳои Хадамоти федералии Назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия низ мулоқот анҷом медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






