Сафари кории вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд

Декабрь 23, 2013 09:11

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба вилояти Суғд сафар намуда, бо ҷараёни натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва омодагии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти мазкур ба зимистон аз наздик шинос шуд.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, ҳангоми сафар вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳамсуҳбат шуда, иброз дошт, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар корманди милитсия, пеш аз ҳама- ин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ мебошад, ки он дар ҳамкории зич бо аҳолӣ ба даст меояд.

Декабрь 23, 2013 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш