Сафари Салимзода ба Ҷопон

Декабрь 10, 2013 10:21

Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Олим Салимзода имрӯз бо даъвати Ҳукумати Ҷопон ба ин кишвари тулӯи офтоб сафар кард. Ҳадафи сафари вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба Токио густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо Ҷопон аст. Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони мамлакат мегӯяд, ки тӯли як ҳафта раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода аз шаҳрҳои Токио ва Киото боздид менамояд. Ҳамзамон Олим Салимзода дар ҷараёни сафари худ ба ин кишвар бо иддае аз намояндагони Парлумони Ҷопон мулоқот анҷом дода, бо фаъолияти мақоми олии қонунгузории Ҷопон ошно мегардад.

Декабрь 10, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад