Семинари методӣ дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар қаламрави вилоят семинарҳои доимӣ ташкил мешаванд. Семинари навбатии дастурдиҳӣ ба мудирони шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд, ки дар он мутахассисони варзидаи бахши маориф бо мудирон ҳамсуҳбат шуданд. Дар семинар инчунин масъалаи аз соли оянда фаъол гардидани маркази миллии тестӣ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ҳамаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти хамагонӣ минбаъд дар ин марказ барои дохил гардидан ба мактабҳои олии кишвар имтиҳон хоханд супурд. Дар ҷамъбасти семинар мутахассисон, ки оид ба муқаррар намудани вазъи кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва як қатор мактабҳо санҷиш гузаронида буданд, зикр карданд, ки кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ва матабҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик ва Вахшу Кӯлоб ба талаботи замона ҷавобгӯянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






