Симпозиум ҷиҳати нигоҳубини кӯдакони мубталои бемории сил

Декабрь 6, 2013 14:46

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -5- 6 декабри соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналхалқии башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе симпозиуми сеюми минтақавӣ аз рӯи масъалаҳои муолиҷаи бемории сил ҷараён дорад. Дар он мутахассисони байналхалқию минтақавӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушд ва такмили дастрасӣ ба табобати амбулаторӣ ва нигоҳубини кӯдакони мубталои бемории сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқиро баррасӣ доранд.  Дар ҷараёни симпозиуми илмию амалӣ коршиносон бобати бемории сил мубодилаи афкор намуда, оид ба ҳамкорие, ки дар ин самт фаъолият доранд, сухан намуданд. Дар симпозиум муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Аъзам Мирзоев ва директори генералии созмони «Табибони бидуни марз» Франк Дернер сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки бемории сил ба саломатии аҳолии тамоми мамлакат хавфи зиёд дошта, аз ин беморӣ бештар кӯдакон азият мекашанд, зеро ошкор намудани бемории сил дар ин айём хеле душвор мебошад.

Декабрь 6, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш