Системаи «Онлайн»- и фурудгоҳ ба муҳоҷирон кӯмак намуд
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Моҳи марти соли 2012 системаи нави иттилоотӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» роҳандозӣ гардид, ки дар реҷаи «Онлайн» ба шаҳрвандон оид ба иҷоза ё манъ будани вуруд ба Федератсияи Русия маълумот медиҳад. Агар соли гузашта ба шуъбаи мазкур 15 027 мусофир муроҷиат намуда, ба 1029 нафар манъ будани вуруд ба қаламрави Русия дода шуда бошад ва тақрибан ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардида бошад, имсол аз оғоз то 30.11.2013 ба шуъбаи иттилоъдиҳӣ 77 121 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда ва аз ин шумора ба 8 659 нафар бобати манъ будани вуруд ба қаламрави ФР маълумот дода шудааст, ки дар навбати худ ҳудуди 6 481 960 доллари амрикоӣ маблағи шаҳрвандони кишвар сарфа шудааст. Гуфта мешавад, ки дастрас намудани маълумоти дақиқ дар реҷаи «Онлайн» дар асоси шартномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия имконпазир гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






