Созиши Тоҷикистону Финландия оид ба рушди ҳамкориҳо
Душанбе, 16 декабр (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов «Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Финляндия барои солҳои 2014-2017»-ро имзо кард. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, санади мазкур самтҳои асосии ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистон ва Финляндия дар чаҳорчӯбаи барномаи рушди ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2017 муайян мекунад.Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳо миёни ду кишвар изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






