Сўхтор аз барқ

Декабрь 2, 2013 10:19

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Шаби 1 декабри соли 2013 соати 22-22 дақиқа дар манзили истиқоматии шаҳрванд Санобар Шамсуллоева, воқеъ дар кўчаи Парпӣ Тоҷиева 39-и шаҳри Турсунзода ҳангоми истифодаи асбоби гармидиҳандаи барқӣ сўхтор ба амал омад. Дар масоҳати 240 метри мураббаъ манзили зист бо молу мулкаш сўхта зарар дид. Сўхтор аз тарафи оташнишонон дар соати 02-50 дақиқа хомўш карда шуд. Гунаҳгори ҳодиса соҳибхона буда, маблағи зарар аз тарафи коршиносон муайян карда мешавад. Маблағи молу мулки аз тарафи оташнишонон нигоҳдошта 50 000 сомониро ташкил намуд.

Декабрь 2, 2013 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш