Тағйирот ба лоиҳаи қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон тасмим дорад, то ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон дар Душанбе баргузор гардид, матраҳ шуд. Аъзои Шӯро дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии Маҷлиси намояндагон дар соли 2014 муҳокима шуд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешниҳод гардидаанд, табодули назар намуда, бобати такмил додани онҳо андешаҳои ҷолиб баён доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






