Таҳқиқи имконияти ҳамгироии сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Маркази байналмилалии савдо имконияти Тоҷикистон дар бахши сайёҳиро арзёбӣ мекунад.Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мушовири байналмилалии маркази мазкур оид ба сайёҳӣ Франсуа Лоран 28 ноябри соли 2013 сафари дуюмашро дар Тоҷикистон, ки ба масоили сайёҳӣ дар кишвар бахшида шуда буд, анҷом дод. Франсуа Лоран моҳи октябр ва моҳи ноябри соли 2013 ба Тоҷикистон ду маротиба сафар карда, аз минтақаҳои асосии сайёҳӣ, аз ҷумла Бадахшон ва водии Зарафшон дидан карда, бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва косибон вохӯрда, бо имкониятҳои кишвар дар бахши сайёҳӣ шинос шуд. Мақсад аз сафарҳои номбурда арзёбии талабот ба сайёҳӣ, ҳамчунин аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснок намудани ташкили созмонҳои рушди сайёҳӣ буд. Бахши сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи ба қарибӣ тасдиқшуда оид ба «Таҳкими рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва афзун намудани қудрати бахшҳои дастгирии савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ мешавад. Бо истифода аз натиҷаҳои арзёбии зикршуда лоиҳаи нав баҳри дастгирии сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ки онро ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ менамояд, таҳия мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






