Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шуд. Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд.Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид. Маҳмадсаид Пиров Муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ Муовини вазири молия, Искандар Раҷабов Муовини Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуданд. Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд.Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






