Талаботи аҳолӣ бо маблағҳои қарзӣ қонеъ мегардад
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои моҳи ноябри соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 44,5 фоиз зиёд шудааст. Тавре ки Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маҷмуъ 3’042,8 млн. сомонӣ қарзҳо ба пули миллӣ ва 4’386,4 млн. сомонӣ ба асъори хориҷӣ рост меоянд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 51,7 фоиз ва 39,9 фоиз зиёд шудаанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,07 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,39 фоизи солонаро ташкил намуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






