Тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикорупсионӣ

Декабрь 9, 2013 10:18

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ«Ховар», Руқияи Боймамад). -Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бо мақсади татбиқи босамари «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ҳамчунин ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ миёни ҷавонон, тақвияти тоқатнопазирӣ бар зидди зуҳуроти коррупсионӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди коррупсия, имрўз дар толори Консерваторияи давлатии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов чорабинии тарғиботиву иттилоотиро бо ширкати ҷавонон доир менамояд. Дар чорабинӣ дар назар аст беҳтарин иштирокдорони он, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар доранд, бо туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шаванд.

Декабрь 9, 2013 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш