Тарғиби тарбияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар водии Рашт тадриҷан корҳои тарбияи тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ -ватандӯстии онҳо тақвият меёбанд. Дар айни ҳол дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара зерсохторҳои Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа аз рӯи оиннома амал карда, корҳои тарбияи ватандӯстиро фаъолона пеш мебаранд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита хабар доданд, ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали гвардия Музаффар Гулматов ҳангоми сафари худ ба ин водӣ аз зерсохторҳо дидан намуда, бобати беҳдошти фаъолият дастурҳои зурурӣ дод.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






