Тасдиқи лоиҳаи нави бонки умумиҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ

Декабрь 19, 2013 09:48

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»     тасдиқ карда шуд.
Тавре ки дар Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд,  лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар 8 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо ҳаҷми умумии 23 млн. доллари ИМА дар давоми солҳои 2014-2019 амалӣ  мешавад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 15 млн. доллари ИМА, Хазинаи инноватсионии трастии натиҷаҳои рушди соҳаи тандурустӣ 4,8 миллион доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,2 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии як силсила ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд ба воситаи ворид намудани усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад.     
Бояд зикр намуд, ки дар 24 муассисаи сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба зиёда 1 млн. аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Ғончии вилояти Суғд ва Ёвон, Ҷ. Румӣ, Фархор, Ҳамадонии вилояти Хатлон хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонидани онҳо пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур бозомӯзӣ ва таълими мунтазами зиёда аз 800 нафар мутахассисони соҳа дар назар аст.
 
 

Декабрь 19, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад