Ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳо

Декабрь 25, 2013 09:52

Восеъ, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи наверо тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд, ки заминҳо ба саҳмдорон пурра тақсим гардида, ба ҳар як саҳмдор сертификати замин ройгон дастрас шавад. Ташкилоти ҷамъиятии «Фурӯғи маърифат» ин қисмати лоиҳаро дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ амалӣ хоҳад кард. Тавре ки роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Фуруғи маърифат» Муҳаббат Аҳмадова иброз дошт, дар давоми солҳои охир қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби истифодаи об дар ҳоли афзоиш аст ва дар ин лоиҳа ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст. Қисми зиёди заминҳои корами ноҳияи Восеъ ба воситаи насосҳо обёрӣ мешавад ва аз ин рӯ қарзи хоҷагиҳо дар назди хоҷагии оби ноҳия зиёд аст. Дар ноҳия фақат як ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият дорад. 

Декабрь 25, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш