Татбиқи 5 лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон

Декабрь 9, 2013 16:45

Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Манижаи Баҳромзода).Имрӯз Ҳиройукӣ Имаҳашӣ,сафири Ҷопон дар Тоҷикистон созишномаҳои грантиро оид ба амалӣ гаштани 5 лоиҳаи мухталиф дар Тоҷикистон ба имзо расонид. «Лоиҳаи беҳтар гардонидани системаи оби нӯшокӣ ва оби санитарӣ дар 7 қишлоқи дурдасти Тоҷикистон» бо Зафар Муҳаббатов, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 89,444 доллари ИМА , «Лоиҳаи барқарор намудани канали обёрӣ дар ҷамоати «Сари Осиёб»-и ноҳияи Ховалинг» бо Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг ба маблағи умумии 118,488 доллари ИМА», «Лоиҳаи барқарор намудани шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии ҷамоати «Лахш»-и ноҳияи Ҷиргатол» бо Зоҳир Умедхоҷа, раиси ноҳияи Ҷиргатол ба маблағи умумии 111,133 доллари ИМА , «Лоиҳаи паст намудани хавфи офатҳои табиии қад-қади дарёи Панҷ» бо Нашир Кармалӣ, директори генералии Фокус- Кӯмаки башардӯстона бо маблағи умумии 103,867 доллари ИМА ва «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Қумсангир » бо Зиёда Ашӯрова, директори ташкилоти ҷамъияти «Моҳи Мунир» ба маблағи умумии 113,348 доллари ИМА имзо гардид. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 307 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $ 23,9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.Дар ин бора аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Декабрь 9, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш