Теъдоди нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба зиёда 608 ҳазор расид
Душанбе, 17 декабр (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова) — Шуруъ аз 1-уми январ то 1-уми декабри соли равон барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ воридоти 17961 ариза сабт гардида, аз ин миқдор ба 19230 нафар бо назардошти аризаҳои соли гузашта тавассути Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо маблағи 4 млн.277381,60 сомонӣ пардохт карда шуд. Тавре ки дар ин бора аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз аввали соли 2009 то декабри 2013 92 ҳазору 308 ариза қабул карда шуда, аз ин шумора ба 63501 нафар маблағи 9 млн.851100,85 сомонӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва ба 23096 нафар маблағи 4 млн. 996470,87 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоии инфиродӣ дар ҷойи кор дар маҷмӯъ ба 86597 нафар маблағи 14 млн. 847751,72 сомонӣ ҳисобӣ ва таъйин карда шуд, ки ба ҳисоби миёна ба сари ҳар як нафақахӯр 171,45 сомонӣ рост меояд. Гуфта мешавад, ки аз 1-уми декабри соли равон теъдоди умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 608821 нафарро ташкил намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






