Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳони исломӣ ҳамкорӣ мекунад
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Муовини Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов дар иҷлосияи 40 — уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки дар пойтахти Гвинея шаҳри Конакри таҳти шиори «Муколамаи тамаддунҳо – омили сулҳу субот» баргузор гардид, суханронӣ кард. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, Низомиддин Зоҳидов зимни суханрониаш мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масоили асосии ҷаҳони исломӣ, аз ҷумла, қазияи Фаластин, афзоиши ихтилофоти динию нажодӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳони исломӣ, рушди равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломиро баён кард.Низомиддин Зоҳидов изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан муфид бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳони исломӣ, чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар ҳошияи фаъолияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, омода аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






