Туҳфа ба ғолибони мусобиқоти варзишӣ
Кӯлоб, 13 декабр. (АМИТ Ховар», Сулаймон Холов). — Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии «Олимпиадаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба намудҳои баскетбол ва тенниси рӯи миз мусобиқоти варзишӣ баргузор намуд. Мавриди зикр аст, ки ба ин мусобиқаҳо шумораи зиёди наврасону ҷавонон ҷалб гардида, барои мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим маҳорати хешро сайқал медиҳанд. Дар мусобиқот шумораи зиёди наврасону ҷавонон аз мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб ва дастаҳои ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминободу Шӯрообод иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб гардиданд. Бино ба иттилои масъулини чорабиниҳои варзишӣ барои иштирок дар мусобиқоти байналмиллалии параолимпӣ аз миёни ин варзишгарони наврасу ҷавон чеҳраҳои нави намудҳои тенниси рӯи миз ва баскетболро дарёфт намуда, ба машқу тамринҳои иловагӣ сафарбар мекунанд, то шарафи варзишии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намоянд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гузаронидани чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






