Вакилони шаҳрӣ номи баъзе кӯчаю хиёбонҳоро тағйир медиҳанд
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- 19 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбест, қарори марбута ба тасвиб расонд. Интизор меравад, ки дар иҷлосия раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев доир ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои шаҳрдорӣ барои соли 2014 дар назди вакилони шаҳрӣ ҳисобот диҳад. Ҳамзамон дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба номгузорӣ ва аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон ва соири муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт матраҳ хоҳанд гашт. Инчунин масъалаи вобаста ба ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳр дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






