Вазири корҳои хориҷӣ ва Сафири ИА масъалаи ҳамкориҳоро муҳокима намуданд

Декабрь 23, 2013 10:13

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауэр 20 декабр дар Душанбе баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ Ауэр С.Асловро ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи нави баланд муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи дипломатӣ бурдбориҳо таманно намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, инчунин вазъият дар Афғонистон ва минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд. Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсиси гуруҳи кории муштарак иборат аз намояндагони мақомоти дахлдори ҷонибҳо доир ба коркарди таҳияи «Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо»-ро пешниҳод кард. Ҷонибҳо бори дигар таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд дорад ва онҳо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамоянд.

Декабрь 23, 2013 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад