Вохӯрии Қодири Қосим бо Амҷад Ҳусайн
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн 9 декабр дар Душанбе вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қодири Қосим Амҷад Ҳусайнро дар сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дорои иқтидор ва имкониятҳои зиёди рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ мебошанд.Раиси Кумита ба меҳмони олиқадр доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.Зикр шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва самоягузории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Покистон тақвият ёфта истодаанд.Амҷад Ҳусайн зикр намуд, ки ҳамчун сафири кишвари худ дар Тоҷикистон барои беҳбудӣ ва мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона ва шарикона миёни ҷонибҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо баҳри ривоҷу равнақи ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломиии Покистон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баён намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






