Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Сюзан Эллиотт

Декабрь 23, 2013 10:13

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт баргузор гардид. Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва инчунин ҷалби сармояи ИМА-ро ба самтҳои авлавиятноки иқтисодиёти кишвар зикр намуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ хабар доданд, сафири ИМА Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъйин шудан ба мақоми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, орзуҳои некро дар ҷодаи наву пурмасъул таманно кард. Сюзан Эллиотт сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро баланд арзёбӣ намуда, нуқтаи назари вазири корҳои хориҷиро оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҷонибдорӣ кард. Мусоҳибон инчунин амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА-ро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.

Декабрь 23, 2013 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад