Ёрии донишҷӯён ба маъюбон

Декабрь 30, 2013 15:19

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Бо ибтикори Президенти ҶТ Дар арафаи Соли нав рӯи кор овардани тадбирҳои хайриявӣ ва расонидани ёрӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ анъанаи нек гардидааст. Ҷавонони кишвар ва хусусан донишҷӯён дар ин маъракаи некхоҳона ба таври фаъол иштирок менамоянд. Ба қарибӣ донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи кормандони бахши иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон тӯҳфаҳо тайёр намуда ва онҳоро ба ятимону маъюбон супурданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи «Фароштурук» дар Қасри маорифи шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Мудири кафедраи кормандони бахши иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбон Гиёев, муаллимони кафедра Сайёра Ашрафова, Хӯшачин Зеваров, Шоҳсанам Мирсаидова ва дигарон ба ин иқдоми наҷиб саҳми арзанда гузоштанд.

Декабрь 30, 2013 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад