10 млн. сомонӣ изофанависии марказҳои идораи лоиҳаҳо
Душанбе, 17 январ. (АМИТ»Ховар» Муқаддас Кушакова).-Давоми соли сипаригашта Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубриза бо коррупсия бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардидани истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидории 31 марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсиониро ба анҷом расонид, ки дар маҷмўъ 10,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зарарҳои молиявӣ дар МД «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ба маблағи 4 млн. 236,0 ҳазор сомонӣ, Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» марҳилаи 3 ва «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалайхумб» 1 млн. 442 ҳазор сомонӣ, Лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама-ташаббуси рушди босуръат (марҳилаи 3) 718,5 ҳазор сомонӣ, МД «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнегетика» 710,5 ҳазор сомонӣ, Маркази идораи лоиҳаи «Рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ” 671,9 ҳазор сомонӣ, «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо» лоиҳаҳои «Барқарорсозии роҳи Душанбе сарҳади Узбекистон» 593,4 ҳазор сомонӣ ва МД Маркази идораи «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» 592,3 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд, ки онҳо асосан аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, хароҷотҳои ғайриқонунӣ ва маблағҳои кам ҳисобнамудаи андозҳо ба амал омадаанд.Дар рафти тафтишу санҷишҳо маблағи зарар пурра барқарор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норсогиҳои ошкоргардида ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодот ирсол шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






