100 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар соли 2013
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар давоми соли гузашта 331 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 11 варзишгоҳ, 7 маҷмааи варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, 45 толори варзишӣ, 263 майдончаҳои варзишӣ ва 2 маркази солимгардонӣ ба маблағи зиёда аз 205 369 940 сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардиданд. Дар ин бора 17 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иттилоъ дод.Ӯ афзуд, ки дар асоси Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар 22 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 10087 варзишгар иштирок намуданд, ки аз онҳо 1708 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.Мавриди зикр аст, ки дар арсаи байналмилалӣ 1091 нафар варзишгар, аъзоёни дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 78 чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 461 медал, аз ҷумла 100 тилло, 130 нуқра ва 231 биринҷӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






