100-солагии З.Шаҳидӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад
Душанбе, 28 январ (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). 25 январ дар Вазорати фарҳанги ҶТ бахшида ба 100-солагии таҷлили зодрӯзи бастакори маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ ҷаласа баргузор гардид.
Муовини аввали вазири фарҳанг Маҳмадсаид Пиров аз қарори ЮНЕСКО дар хусуси ҷашнгрии 100-солагии З.Шаҳидӣ дар моҳи майи соли 2014 маълумот дода, зикр намуд, ки ин ҷашн дар сатхи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Ҳамчунин, муовини аввали вазир роҳбарони ҳамаи ҳайатҳои эҷодиро доир ба нақшаи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ёдоварӣ намуда, ба шахсони масъул дар мавриди омодагӣ ба гузаронидани ҷашн супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






