Қарзи андозро кӣ месупорад?
Муъминобод, 6 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Анваршо Сафаров, сардори нозироти андози ноҳияи Муъминобод аз фаъолияти роҳбарони бархе ташкилоту муассисаҳои ноҳия изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки дар соли сипаригардида гарчанд иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ пурра таъмин гардид, мутаассифона, қисми бештари ташкилоту муассисаҳо аз фориғболӣ ва каммасъулиятии роҳбаронашон аз пардохти андоз қарздор мебошанд. То ин давра ҶСП «Сомон-Фуд», ки ба истеҳсол ва парвариши мурғи эронӣ машғул буд, ба маблағи 47 963 сомонӣ, ҶСП «Якарча» ба маблағи 26 674 сомонӣ, КДФ «Ободонӣ» 54 066 сомонӣ, Ассотсиатсияи истеҳсолии «Тебалай» 285 456 сомонӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфуз аз пардохти андоз қарздор мондаанд, ки дар мачмуъ маблағи умумии он 1 млн. 230 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра нисбат ба 58 нафар андозсупоранда барои қонунвайронкунӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 43908 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






