Қочоқбарро шариконаш захмӣ карданд
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар, Файз Мирасан).- Кормандони ниходҳои ҳифзи ҳуқуқ боз аз як ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир дар марз ҷилавгирӣ намуданд. Ба гуфтаи сухангӯи дафтари матбуоти РВКД дар Бадахшон Далер Чоршанбеев зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенгти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар байни деҳаҳои Сумҷин ва Яхшволи ноҳияи Ишкошим дар соҳили дарёи Панҷ, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сокини вулусволии Баҳораки вилояти Бадахшон Шафиуллоҳ валади Хайримуҳаммад дастгир шуд. Хангоме ки ин қочоқбарро кормандони ниҳодҳои қудратӣ ба муҳосира гирифтанд, як гуруҳ шариконаш аз он сӯи марз бо мақсади ошкор нашудани амали зишташон кӯшиш карданд Шафиуллоҳро аз байн бубаранд ва ба ҷонибаш чанд тир холӣ карданд. Дар натиҷа вай аз пояш захм бардошт. Аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин даргирӣ кассе осеб надид. Дар ҷараёни азназаргузарон аз ӯ борхалтаи сафед бо 18 адад бастаи полиэтилении маводи хокистарранг мусодира шуд ва баъди ташхиси кимиёвӣ муайян гардид, ки маводи мазкур ба маводи нашъадори навъи ҳашиш тааллуқ дошта, вазни холиси он 8 килограммро ташкил медиҳад. Алъон ин гумонбар дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ мавриди табобат қарор дорад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






